- беҳуда
- [بيهوده]1. бефоида, барабас: зӯри беҳуда, кори беҳуда, беҳуда сарф кардан, беҳуда гузаштани вақт; зӯри беҳуда миён мешиканад (зарб.); зӯри беҳуда задан кӯшиши бефоида кардан, барабас талош кардан2. ноҳақ; бесабаб: беҳуда ранҷондан, беҳуда азоб додан3. бемавқеъ; нодаркор: нози беҳуда, қурбонии беҳуда, беҳуда хавотир шудан, беҳуда ҷон коҳондан; гапи беҳуда сухани бемаънӣ, ҳарфи пуч; беҳудаю беҳуда даркору нодаркор, лозиму нолозим; беҳуда нагуфтаанд (намегӯянд), ки … бедарак нагуфтаанд (намегӯянд), ки…; беҳуда рафтан зоеъ шудан, натиҷаи матлуб надодан (-и ғайрат, меҳнат, кофтуков ва ғ.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.